ТАЛАБОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

  1. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФОН

- насаб, ном ва номи падари муаллиф/муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
- номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад – қайди давлат, шаҳр (бо се забон);
- почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон);
- акси муаллиф дар формати JPEG.

 

  1. НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

 

  1. КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати нуқтавергул (;) ҷудо карда мешаванд.

 

  1. АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

 

  1. БАХШҲОИ МАВЗӮӢ

Нишон додани рамзи «КУД» ё «КОА» (тибқи талаботи амалкунандаи тахассусии кормандони илмӣ).

 

  1. ОРОИШИ МАТН

Доираи саҳифа: 3 см. аз чап, 1 см. аз рост, 2 см. аз боло ва 2 см. аз поён.
Шрифт: Times New Roman TJ 12 кгл; Times New Roman 12 кгл (барои матни русӣ).
Фосила: 1.
Сархат: 1 см.
Ориентатсия: «книжная», бе гузоштани саҳифа, бе кӯчонидан аз сатр ба сатр, истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]». Агар саҳифа дошта бошад: «[1, с. 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи Microsoft Office - Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр, бе сархат, бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «по ширине».
Ҳаҷми саҳифа: на камтар аз 7 саҳифа (барои мақолаи илмӣ).